14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи “Панҷакент плаза”-ро ба истифода доданд.
Меҳмонхонаи замонавии “Панҷакент плаза” дар асоси нақшаи генералии шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Далер Ҳамроқулов бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати баланди меъмории миллӣ ва унсурҳои шаҳрсозии замони имрӯза сохта шудааст.



14 апрел дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи “50-солагии Тоҷикистон”-и шаҳри Панҷакент бинои Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳр”-ро ифтитоҳ карданд.
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маркази шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи дашти Қозии шаҳри Панҷакент фермаи чорвопарвариро мавриди истифода қарор доданд.
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ташриф оварда, нахуст хати оби полезиро барои обёрии 200 гектар ба истифода супорида, ба бунёди боғи нави интенсивӣ оғоз бахшиданд.
