Боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳҳои обкашии минтақаҳои Сомғор ва Рухак

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати кунунии каналҳои минтақаҳои Сомғор ва Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, таъмиру навсозии иншооти обрасонӣ ба роҳ монда мешавад.

Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид

23 августи соли 2022 дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар конфронс Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, вакилон, собиқадорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Абдуқодир Ваҳҳобов ва шоири ваҳдатсаро Усмон Олимро, ки дар беморхона табобат мегиранд, аёдат кард.

Раиси вилоят дар суҳбат бо пирони кор аз хизматҳои онҳо дар пешрафти ҷомеа ёдовар шуда, ба онҳо саломатии бардавом ва хушиҳои рӯзгорро орзуву намуд.

Боздид аз рафти сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии назди Қасри Арбоб

Тавре қалбан иттилоъ дода будем, ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри таърихии Арбоб Боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд гардида истодааст.

Боғи фарҳангию фароғатӣ дар даромадгоҳи асосии Қасри таърихии Арбоб сохта шуда, иншоот барои сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ хоҳад шуд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти Фонди Оғохон дар Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори иҷроияи Фонди Оғохон дар Тоҷикистон Кишвар Абдулалишоев ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо нақшаи фаъолиятҳо оид ба татбиқи лоиҳаи "Идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор"- ро баррасӣ намуданд.