Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Хуҷанд

9 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба манзили якчанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат, аз ҷумла собиқадори соҳаи тиб Фрҳод Юсупов, собиқадорони соҳаи хизматрасонӣ Назарбобо Пўлодов ва Омина Пўлодова, Табиби халқии собиқ ИҶШС Малика Холматова рафта, онҳоро аёдат намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пирони рўзгордидаро аз номи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдат намуда, зикр дошт, ки собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дошта, эшон хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат мебошанд.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Гулистон

8 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят аз ҳоли Насриддин Бадриев ва Акбаралӣ Усмоналиев хабар гирифта, бо пирони рӯзгор суҳбати самимӣ анҷом дод. Иттилоъ дода шуд, ки Насриддин Бадриев соли 1954 таваллуд шуда, пас аз хасти донишгоҳи тиббӣ солҳои зиёд ҳамчун духтури амрози дарунӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон​ кор кардаааст.​

Акбаралӣ​ Усмоналиев соли 1953 таваллуд шуда, зиёда аз 30​ сол дар соҳаи маориф кору фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоиста гузоштааст.

Шиносоӣ бо сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Гулистон

Дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси ҶДММ «Мурғи бебаҳо» ва ҶДММ «Ганҷи сомон» бунёди​ фабрикаҳои парандапарварӣ идома дошта, бо фаъол шудани онҳо даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.​ 8 декабр​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёди фабрикаҳои нав шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки дар шаҳри Гулистон бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми милливу стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат корхонаҳои гуногун сохта, саҳми назарраси худро дар саноатикунонии кишвар​ гузошта истодаанд.

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд

Ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дошта, бунёди иншооти ҷашнӣ идома дорад.

Дар ин раванд дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд низ сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои ташхисиву табобатӣ, иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ вусъат ёфта, сокинон барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни ҳумоюн омодагӣ мебинанд.

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи геологҳо

 

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи идҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамасола 9 декабр дар қаламрави кишвар Рӯзи геологҳо ҷашн гирифта мешавад. Кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро ба ин муносибат табрику таҳният мегӯям ва ба ҳамагон тансиҳативу хотирҷамъӣ, муваффақияти кору рӯзгоратонро таманно дорам.

Зикр кардан бамаврид аст, ки иди касбиро кормандони соҳаи геологияи вилоят бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Дар замони муосир пешрафти соҳаҳои иқтисодиро бидуни соҳаи геология тасаввур кардан ғайриимкон  буда, геологҳо дар истифодаи захираҳои мавҷуда нақши муассир доранд. Сарзамини моро сарватҳои табииаш шӯҳратёр гардонидааст ва мардум дар ҳама давру замон онҳоро ба манфиати давлат ва беҳдошти зиндагии хеш истифода мебарад.