Имрӯз Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо мураббиён ва ҳайати дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки футбол аз намудҳои оммавитарини варзиш маҳсуб ёфта, барои таҳкими дӯстии халқҳо хизмат мекунад ва ҳамзамон муаррифгари миллату давлатҳост. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, сатҳи футболи тоҷик сол ба сол беҳтар гардида истодааст.




9 июн дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд» баргузор гардид.
8 июн Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо ҳайати дастаи футболи «Истаравшан» мулоқот намуд.
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
