Баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, сипас дар вохурии ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ҳамчунин ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.



2 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри «Куксарой» сурат гирифт.
2 июн дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар боғи «Узбекистон нав» дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият» гулчанбар гузоштанд.
2 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканд — пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
Соли равон аз Конфронси Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Стокголми Шветсия баргузор гардида, ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист асос гузошт, 50 сол сипарӣ гардид.
