16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун ба хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и деҳоти Қумсангир ташриф оварда, аз рафти истифодаи босамари замин ва парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол» соли 1997 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 5,4 гектар замин дорад. Дар хоҷагии мазкур 10 нафар саҳмдор фаъолият дошта, ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавоту полезӣ машғул мебошанд.



Субҳи рӯзи 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари корӣ ба як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷайҳун ташриф оварданд.
15-уми июни соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.
15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
14 июн дар ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Навобод оғоз бахшид.
