Ҳамдардии Пешвои миллат ва таъсиси Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият карданд.

Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати​ «GAZ Group»-и Федератсияи Россия

15 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати​ «GAZ Group»-и Федератсияи Россияро ба ҳузур пазируфт.

Бояд таъкид кард, ки рӯзҳои 8-12 феврал​ намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Нижегороди Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дода, бо соҳибкорону ширкатҳои истеҳсолии ин вилоят созишномаҳои ҳамкорӣ имзо намуда буданд. Бо гузашти чанд рӯз аз имзои созишномаҳои ҳамкорӣ​ намояндагони ширкати «GAZ Group» ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи соҳаи саноат ва имкониятҳо барои тавсеаи ҳамкориҳо ба вилояти Суғд омаданд.

Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд

14 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд собиқадорони ҷангу меҳнатро аёдат намуд.
Раиси вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирокчиёни ҷанги Афғонистон Ином Холиқов ва Ориф Мамадшарифовро хабар гирифта, ба аёдатшудагон туҳфаҳои моддии худро расонид. Зимни аёдат таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтзам ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои онҳо ғамхорӣ менамояд.

Аёдати оилаи нависандаи зиндаёди тоҷик Ибод Файзулло

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 13 феврал дар шаҳри Бӯстон ҳамсари нависандаи зиндаёди тоҷик Ибод Файзуллоро аёдат кард.
Раиси вилоят зимни суҳбат аз фаъолиятҳои Ибод Файзулло дар нашрияҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Паёми Душанбе» ва идораҳои давлатӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки хизматҳои арзандаи чунин шахсон барои насли ҷавон намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш аст. 
Ба ин оила аз ҷониби роҳбари вилоят кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.
 
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд 
 

Шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо дар​ Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дорад.
13 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти бунёдкориҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд шинос шуд ва барои иҷрои босифати корҳо ба масъулин супоришҳо дод.