Бегоҳии рӯзи 26 июн дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии идона доир гардид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро табрику таҳният намуд.
Қайд карда шуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад, зеро ваҳдати миллӣ хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконро ба таври воқеӣ пешгирӣ намуд.



Ҳамватанони азиз!
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни корҳои саҳроӣ шинос шуд.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.
