19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар мақомоти суд, прокуратура ва сохторҳои қудратии кишвар таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратӣ кормандони ҷавону ботаҷриба ва корозмуда ба вазифаҳои масъулиятнок таъйин шуданд.



18 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди иншооти гуногун шинос гардид.
18 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд чанде аз собиқадорони соҳаҳои маорифу тандурустиро аёдат кард.
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сохтмони бинои иловагӣ оғоз бахшида шуд.
