Раиси вилоят дар шаҳри Конибодом бо сохтмони иншооти соҳаи маориф шинос гардид

7 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом ташриф оварда, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмони иншооти гуногуни иҷтимоӣ шинос гардид.

Бояд таъкид кард, ки ба истиқболи ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конибодом сохтмони як қатор иншоот, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф идома дорад. Аснои сафар роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 10, муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 15 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 шинос гардид.

Дар шаҳри Конибодом сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ ва коргоҳҳои дӯзандагиву банду басти хушкмева идома дорад

7 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи банду басти хушкмева шинос гардид.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии мамлакат дар шаҳри Конибодом сохтмони корхонаҳои гуногун идома дорад. Яке аз чунин иншоот фабрикаи мурғпарварии ҶДММ «Конибодом паранда» аст, ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷойгир шудааст. Фабрикаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва бурунмарзӣ Фахридинова Хосият, Раҳимов Абдуаҳад ва Уроқов Суҳроҳбҷон ташкил шуда истодааст. Масоҳати умумии фабрика 5,6 гектар буда, дар он 4 бино барои парвариши мурғ мавҷуд аст ва дар ҳар яки он ба миқдори 15 000 сар мурғ парвариш карда мешавад. Тибқи лоиҳа дар як сол 600 тонна гўшти мурғ истеҳсол карда мешавад. Баъд аз ба истифода додани иншооти мазкур 20 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Инчунин, дар ҳудуди фабрика дар масоҳати 1,5 га боғи интенсивии зардолу ба миқдори 510 адад шинонида шуда, 6 гармхонаи парвариши лимў ба масоҳати 0,30 га сохта шуда, дар он тақрибан 1400 бех дарахти лимў парвариш хоҳад шуд.

Шиносоӣ бо корҳои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Конибодом ва сохтмони бинои ҲХДТ

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом рӯзи 7 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Боғи мазкур дар масоҳати 2000 метри мураббаъ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва соҳибкорон азнавсозӣ гардида, дар ҳудуди боғи фарҳангӣ дар баробари бунёди фаввораҳо, суҳбаткадаҳо таҷҳизоти гуногун барои бозии бачагон васл карда мешавад. Корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти фарҳангӣ соли 2021 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Архикад” амалӣ шуда истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Ҳелга Шмидро ба ҳузур пазируфтанд

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028” Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмидро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА баррасӣ гардид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 — 2028» иштирок намуданд

7 июн дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.