Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов Корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон-Кишоварз”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Илҳом Бобоҷонов бо мақсади таъмини корхонаву коргоҳҳои чорводорию парандапарварӣ бо хӯроки омехтаи тайёр таьсис дода шудааст.