Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Фарангис»-и ноҳияи Ховалинг бо ҷараёни корҳои агротехникӣ, парвариши сабзавот ва лубиёиҳо шинос шуданд

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба хоҷагии деҳқонии «Фарангис»-и деҳоти Ҷомбахт ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои агротехникӣ, парвариши сабзавот ва лубиёиҳо шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Фарангис» соли 2004 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 2 гектар замин дорад. Дар хоҷагии мазкур 5 нафар саҳмдор фаъолият менамоянд ва роҳбари хоҷагӣ бонуи соҳибтаҷриба Хоним Аҳророва мебошад. Заҳматкашони хоҷагӣ ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезӣ ва лубиёиҳо машғул мебошанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба ҷамъоварии ҳосили ғалла дар Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» оғоз бахшиданд

16 июл дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» шинос шуда, ба ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд.

Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» дар деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, соли 1993 таъсис ёфтааст ва дорои 22 гектар замин мебошад. Дар ин хоҷагӣ 12 нафар саҳмдор фаъолият доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бо маданияти истифодаи замини наздиҳавлигии Илҳом Одинаев шинос шуданд

16 июл дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Илҳом Одинаев ташриф оварда, бо маданияти истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос шуданд.

Оилаи Одинаевҳо дар ноҳияи Ховалинг намунавӣ буда, дар ин хонавода фарзандони меҳнатдӯсту худшинос ва худогоҳ ба воя расидаанд. Замини наздиҳавлигии шаҳрванд Илҳом Одинаев 8 садякро ташкил медиҳад. Дар 4 садяки замин зироати кишоварзӣ, асосан сабзавот ва картошка кишт карда шудааст. Ҳамчунин дар назди ҳавлӣ дарахтони мевадиҳандаи себ, олуча, зардолу, шафтолу, гелос, олу, чормағз, нок, хурмо ва ангур парвариш меëбад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг коргоҳи истеҳсоли макаронро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг коргоҳи истеҳсоли макаронро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти соҳаи саноат дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби роҳбарият ва муассисони ҶСК “Ховалинг” сохта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоиш-фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш боздид намуданд

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг аз намоиш- фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, дидан намуданд.

Сокинон ин гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кӯҳ ва талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҷамъоварӣ ва дар шароити хона бандубаст менамоянд.