Паёми табрикии Раиси вилоят ба ифтихори солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фарорасии яке аз санаҳои муҳими таърихи миллат – солгарди ҷашни мубораку муқаддаси Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми сарбаланди вилоят самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон тансиҳатию осудагӣ, хонаи обод ва дар роҳи созандагию бунёдкории Ватани маҳбуб дастовардҳои назаррас орзу менамоям.

Истиқлолият неъмати бебаҳои таърих, мояи ифтихори ҳамагон, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории тоҷикон мебошад. Аз ин хотир, муҳим будани исиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дарк намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми ватандӯстона гузорем.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Бӯстон

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони меҳнатро аёдат  намуданд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон ба манзили собиқадори хизмати давлатӣ, собиқ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мария Сербулина омада, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-умин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба онҳо табрик гуфтанд.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Хуҷанд

Дар арафаи Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуданд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, ходими ҷамъиятию сиёсӣ Биҳоҷал Раҳимова ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ҷаҳонгир Ўрунов омада, собиқадорони меҳнатро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик карданд.

Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Гулистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Муҳсин Раҳимов ва собиқадори хизмати давлатӣ Санавбар Нуруллоева хабар гирифта, фарорасии 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли оилаи онҳо табрик намуд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба кормандони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатиро супориданд.