Боздиди Раиси вилоят аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

30 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ду қисми низомии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, ҳайати шахсии қисмҳои низомиро бахшиди ба Соли нави мелодӣ табрик кард.

Раиси вилоят дар суҳбат бо афсарону сарбозон иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо мунтазам таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелодии 2023

Сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва барори кору муваффақиятҳо таманно дорам.

Ифтихору сарбаландии мост, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона, иқдомҳои некбинона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

29 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», ки аз рӯйи он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд дар соли 2022

29 декабри соли 2022 дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Суғд доир шуда, ба беҳтаринҳои соли 2022 ҷоизаҳо супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ аз муҳимтарин воқеаҳои марбут ба футбол дар соли 2022 ёдовар шуда, роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023-ро дар соли 30 – солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбии беназири футболи тоҷик арзёбӣ намуд.

Раиси вилоят бошандагони “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд”-ро аёдат намуд

Имрўз дар асоси ҳидоятҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бошандагони “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд”-ро  аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.

Раиси вилоят бошандагони муассисаи иҷтимоиро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, қайд намуд, ки ашхоси яккаву танҳо, бесаробонмонда ва ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ қарор дода мешаванд.