Дар кӯчаи Султон Умарии шаҳри Хуҷанд беш аз 120 бех ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд

Дар доираи корҳои ободонию кабудизоркунӣ имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар гулгашти кӯчаи Султон Умарии шаҳри Хуҷанд беш аз 120 бех ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони ташкилоту идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, дар кабудизоркуниву хуррамгардонии шаҳр саҳм гузоштанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулин барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу зебо намудани гирду атрофи иншооти маъмурӣ, кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дастур супоришҳо дод.

Аёдати тарбиятгирандагони Мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бошандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат кард.

Раиси вилоят тарбиятгирандагони мактаб-интернатро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, қайд кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои идона доир шуда истодааст. Давлату Ҳукумат пайваста қишри ниёзманди ҷомеаро таҳти ғамхорӣ қарор дода, ба таълиму тарбияи кӯдакони бепарастор диққати махсус зоҳир менамояд.

Аёдати афсарону сарбозон дар шаҳри Бӯстон

30 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон аз қисмҳои низомӣ боздид карда, афсарону сарбозонро аёдат намуд.

Раиси вилоят афсарону сарбозони қисмҳои низомиро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва дар иҷрои хизмати Ватан барору комёбиҳо таманно кард.

Қайд карда шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва дастгириҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ баро адои хизмати ҳарбӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони шуҷову далер бо сари баланд қарзи фарзандии худро адо менамоянд.

Боздиди Раиси вилоят аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

30 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ду қисми низомии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, ҳайати шахсии қисмҳои низомиро бахшиди ба Соли нави мелодӣ табрик кард.

Раиси вилоят дар суҳбат бо афсарону сарбозон иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо мунтазам таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави мелодии 2023

Сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ ва барори кору муваффақиятҳо таманно дорам.

Ифтихору сарбаландии мост, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона, иқдомҳои некбинона ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.