Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба масъалаи азхудкунии заминҳои бекорхобида ва ташкили боғҳои нав таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Дар ин раванд дар минтақаи Рухак, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ҷойгир аст, боғҳои нав ташкил хоҳад шуд, ки дар натиҷаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад. Зимни боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз минтақаи Рухак иттилоъ дода шуд, ки бо тавсияи олимону мутахассисон ва бо истифода аз ниҳолҳои ба иқлим мутобиқ марҳила ба марҳила дар ин мавзеъ 900 гектар боғҳои гуногун бунёд мешавад.



12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти корхонаи коркарди нахи пахта ва ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” шинос гардид.
12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” боздид намуд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия баргузор гардид.
ФАРМОНИ
