Нимаи дуюми рӯзи 7 феврал Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот, ки ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва директори Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ширкат доштанд, масъалаҳои омодагии дастаҳои вилояти Суғд ба мавсими нави футбол мавриди баррасӣ қарор гирифт.



6 феврали соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими қадршиносии варзишгарони вилоят барои дастовард ва натиҷаҳо дар соли 2022 баргузор гардид.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" омада, ҷараёни корҳои бунёд, таъмиру тармими иншооти таърихиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Имрӯз, 5 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Имрӯз, 5 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд як қатор собиқадорони соҳаи тиб, хизмати давлатӣ, савдо ва ғайраҳоро аёдат намуд.
