Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ шинос гардид.
Бино ба иттилои масъулин натиҷаи амалишавии лоиҳа 20 ҳазор аҳолии деҳоти Халифа Ҳасан бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар доираи амалишавии лоиҳа бунёди бино, чоҳҳои амудӣ, ҳавз бо ғунҷоиши 100 метри мукааб барои захираи об ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷа сокинони деҳаҳои Хамиртеппа, Ободон, Обшорон, Наврӯзтеппа ва Деваштич бо оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.
Масъулин вазифадор карда шуданд, ки лоиҳаро пурра татбиқ намуда, сокинонро бо оби тоза таъмин созанд.



Дар шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадорони меҳнат рафта, аз ҳоли собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Насриддин Низомов ва собиқадори хизмати давлатӣ Фотима Сироҷзода хабар гирифт.
Дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмонхонаи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки метавонад дар як вақт ба 20 нафар хизмат расонад.
Дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Маркази саломатии деҳаи Рукнобод ба истифода дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ шинос гардида, барои таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ба масъулин супоришҳо дод.
