Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди кӯдакистони наву замонавӣ санги асос гузошта шуд.
Бинои нави кӯдакистони рақами 9 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохта шуда, дар он 350 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби мутахассисони ҶДММ "Меъмори муосир" таҳия гардида, пудратчиён ҶДММ "Истиқлол гурӯҳ" ва ҶДММ "Хушофар" мебошад.



Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ҶДММ «Фортуна-Ко» ва ҶДММ " Арча-мебел" шинос гардид.
5 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ шинос гардид.
Соли 2022 дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ харидорӣ гардидааст. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд иттилоъ дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаҳои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд шинос гардид.
