24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои нодири сояафкани ороишӣ ва ҳамешасабз ба маъракаи ниҳолшинонӣ, оғози корҳои мавсими баҳорӣ, вусъати тадбирҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ маъракаи умумии ниҳолшинонӣ ташкил карда мешавад.



23 феврал тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозони қисмҳои низомии воқеъ дар шаҳри Исфараро аёдат кард.
23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
21 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардониданд.
Сӣ сол қабл, яъне 23 феврали соли 1993 дар таърихи кишвари мо боз як саҳифаи хеле муҳими таърихӣ-таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб меравад, боз гардид.
