Ифтитоҳи меҳмонхона ва тақдими туҳфаҳо ба кӯдакону наврасон дар Панҷакент

Дар деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзид. Раиси вилоят бунёди чунин иншооти замонавиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, таъкид кард, ки Панҷакенти бостонӣ аз минтақаҳои сайёҳӣ аст ва ташкили инфрасохтор амри зарурӣ мебошад.​

Ифтитоҳи маркази хизматрасонии тибии «Ансорӣ» дар Панҷакент

9 март дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ маркази хизматрасонии тибии «Ансорӣ» ба истифода дода шуд.

Марказ дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳр ҷойгир буда, дар он барои ташхису табобат шароити мусоир фароҳам оварда шудааст.​ Раиси вилоят бунёди иншоотро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки таъсиси марказҳои ташхисиву табобатии хусусӣ талаботи рӯз ба шумор меравад.​ Раиси вилоят​ масъулини Раёсати тандурустӣ, роҳбарият ва кормандони маркази тибби хусусиро вазифадор намуд, ки хизматрасонӣ дар сатҳи баланд ва дастрас ба роҳ монда шавад.

Ифтитоҳи мактаби нав ва кӯдакистон дар шаҳри Панҷакент

9 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар карда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид ва дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоӣ иштирок намуд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панҷакент сохтмони иншооти гуногун идома дорад. Дар пайравӣ ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону саховатмандон дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу синфхонаҳои иловагӣ саҳм гузошта истодаанд. Бо ҳузури роҳбари вилоят дар деҳаи Бостондеҳи деҳоти Саразм бинои нави муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки бо саҳмгузории соҳибкорон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ сохта шудааст. Аз ҷумла Қиёмиддин Абулхайров маблағҳои барои сафари ҳаҷ ҷамъоваринамудаи худро барои иҷрои кори хайр​ сарф намуда, дар беҳтарсозии шароити таълиму тарбияи хонандагон саҳм гузошт.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола 11 март ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ табрик гуфта, ба онҳо хушиҳои рӯзгор ва тандурустиву фатҳи қуллаҳои нави эҷодиро таманно менамоям.

Нақши матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар пешрафти ҷомеа назаррас буда, аҳли қалам бо инъикоси комёбиҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ташаккули афкори солим саҳм мегузоранд.

РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Модарон ҷомеаро ба сўи ормонҳои олии инсонӣ ҳидоят менамоянд

6 марти ​ соли 2023 дар Қасри маданияти​ Арбоб бахшида ба Рӯ­зи Модар бо иштироки беш аз 700 нафар за­нону бонувон​ чораби­нии калони идона бар­гузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ тамоми​ тамоми модар­ону бонувони вилоятро табрик гуфта,​ ибр­оз дошт, ки бузургдо­шти Рўзи Модар дар қаламрави кишвар аз таваҷҷўҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва ар­ҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро мода­рону бонувони азизи мо дар амалӣ гардида­ни ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзандаи худ­ро гузошта истодаанд­.​