13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, нахуст корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анко-Инвест»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи соҳибкори ватанӣ Илҳом Рабиев бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат – 2022-2026 бунёд шудааст.



Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, обанбори шабакаи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб барои таъмини беш аз 5000 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон мавриди истифода қарор доданд.
Субҳи 13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
12 ноябри соли 2022 заркорони ноҳияи Спитамен аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш доданд.
12 ноябри соли 2022 дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ» баргузор гардид.
