Боздиди кории Раиси вилоят аз ноҳияи Шаҳристон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Шаҳристон бо сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ва толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 шинос гардид.

Бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни таърихии миллат —​ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва саҳмгузории соҳибкорону сокинон бунёди синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани 8 синфхонаи иловагӣ дар ду баст барои таҳсили 400 нафар шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. Арзиши лоиҳавии бинои таълимӣ 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ буда, айни замон сохтмон идома дорад. Ба иттилои масъулин дар ноҳияи Шаҳристон дар маҷмуъ 22 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, 10670 хонанда дар онҳо таҳсил мекунанд.

Истаравшан. Бинои шуъбаи ҷарроҳӣ пас аз таъмир ба истифода дода шуд

Бинои шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан паз аз таъмиру бозсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими баистифодадиҳии иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр суҳбат намуд. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи тиб иброз дошт, ки давлат барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Бино ба иттилои масъулин шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан дорои 50 кат буда, соли 1965 сохта шудааст. Бинои мазкур то имрӯз таъмири асосӣ нашуда буд ва бо назардошти ин ба азнавсозӣ фаро гирифта шуд.

Мулоқот бо муовини директори генералии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо​ муовини директори генералии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” Ли Ҷумин мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти кунунии корхонаи​ холисгардонии тилло ва нуқраи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”, ки соли 2017 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Пешвои миллат дар ноҳияи Айнӣ​ ба истифода дода шуда буд, мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят аснои суҳбат бо назардошти ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии кишвар барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар​ корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дастуру тавсияҳо дод.

Бояд таъкид кард, ки дар корхонаи мазкур консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад.

Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят​ Раҷаббой Аҳмадзода бо мураббиёну ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд» доир гардид.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки дар лигаи олии мамлакат дастаҳои пурқуввати кишвар, аз ҷумла дастаҳои «Хуҷанд» ва «Эсхата» -и вилоят низ бозӣ мекунанд. Дастаи «Эсхата» айни замон нишондиҳандаҳои хуб дошта, дар ҷадвали мусобиқот дар зинаи аввал қарор дорад, ки шоистаи таҳсин мебошад. Аммо дигар клуби футболи вилоят —​ «Хуҷанд» дар зинаи нуҳум қарор дорад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти клуб ва муррабиён ҷиҳати ислоҳи қамбудиҳо ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳо супоришҳо дода, илова намуд, ки барои машқу тамрини бозингарон шароитҳои зарурӣ мавҷуд аст. Клуби футболи «Хуҷанд», ки панҷ маротиба Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст, бояд мавқеи худро дар мусобиқот беҳтар созад.

Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.​

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —​ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо намуда, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи иншооти гуногуни хоҷагии халқ бунёду мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин раванд дар шаҳри Хуҷанд низ бунёдкориҳо идома дошта, масъулинро зарур аст, ки барои ободу зебо нигоҳ доштани маркази маъмурии вилоят чораандешӣ намоянд.