Ба сохтмони бинои нави таълимии  Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд

Бо мақсади таҷлили шоистаи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад. Дар ин радиф дар ҳудуди бинои маъмурии Факултети №4 Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бинои нав бо тарҳи замонавӣ қомат хоҳад афрохт.

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири корҳои дохилии мамлакат генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳайати омӯзгорону курсантони муассисаи олии таълимӣ дар макони сохташавандаи иншоот маросими гузоштани санги асос баргузор гардид.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни

ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати

ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии

шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ

3 сентябр дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур сухан гуфта, варзишгаронро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 31 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид

Имрӯз ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи А.П. Чехов дар шаҳри Хуҷанд

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Маросими ифтитоҳи мактабҳои нав бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба таври маҷозӣ сурат гирифт.