ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ

08.09.2022, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд.

Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро сидқан табрик мегӯям.

Дар Конибодом ҷамъоварии пахта оғоз ёфт

6 сентябр дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Конибодом ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз ёфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии ба номи Деҳқонбой Исоев якҷо бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшида, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил супориш дод.

Ба сохтмони бинои нави таълимии  Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд

Бо мақсади таҷлили шоистаи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад. Дар ин радиф дар ҳудуди бинои маъмурии Факултети №4 Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бинои нав бо тарҳи замонавӣ қомат хоҳад афрохт.

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири корҳои дохилии мамлакат генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳайати омӯзгорону курсантони муассисаи олии таълимӣ дар макони сохташавандаи иншоот маросими гузоштани санги асос баргузор гардид.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни

ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати

ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии

шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ

3 сентябр дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур сухан гуфта, варзишгаронро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 31 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.