15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Эркин Турдимов ва дигар намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд.



13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахтаи "Хуҷанд агро", "Зафариён" ва "Юсуф саркор" шинос гардид.
13 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти ҷамъоварии пахта шинос гардид.
13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маҷмааи истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-ро мавриди истифода қарор доданд.
13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома”-ро мавриди истифода қарор доданд.
