Аёдати ҷавонони бемору ниёзманд дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони бемор ва ниёзманд мунтазам ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ Шодиёна Арзиева ва маъюби гуруҳи дуюм Комрон Қурбонзодаро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Дар суҳбат бо наврасон роҳбари вилоят таъкид кард, ки бо баҳои хубу аъло хонанд ва барои ояндаи кишвар шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандӯсту худшинос ба камол расанд. Миллат ва Ватани худро дӯст доранд ва бо он ифтихор дошта бошанд.

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

29 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намуда, бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст аз ҶСП "Арвис Зелал текстайлз" боздид карда, рафти корҳои омодагӣ ва васлу насби таҷҳизот дар фабрикаи ресандагиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ҳоло дар корхона ба таври таҷрибавӣ истеҳсолот ба роҳ монда шуда, беш аз 200 нафар занону духтарон нозукиҳои корро омӯхта истодаанд. Бо пурра омода шудани корхона то 500 нафар соҳиби ҷойи корӣ ва маоши хуб мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти фабрикаи ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони тоҷику турк охири соли гузашта азсар кор гирифта шуда, таҷҳизоту технологияҳои зарурӣ ворид карда шудааст.

Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷамъомад баргузор гардид

Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар ҷамъомад хизматчиёни ҳарбиро бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик намуд. Таъкид карда шуд, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи амнияти давлату ҷомеа нақши босазо мегузорад.

Бо талошу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ бо навтарин яроқу аслиҳа таъмин гардида, барои буду боши хизматчиёни ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба тарбияи кадрҳои лаёқатманд таваҷҷуҳ зоҳир шуда, дар ин давра садҳо иншоот бунёд гардид ва дар натиҷа шароити хизмат бамаротиб беҳтар гардид.

Боздид аз ҷараёни корҳои азнавсозӣ дар Қалъаи Хуҷанд

Бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, муаррифии тамаддуни миллати тоҷик ва дар асоси дастуру ҳидоятҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои бунёду таъмир ва азнавсозии Қалъаи Хуҷанд шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо супоришҳо дод. Таъкид карда шуд, ки ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ҳатман аз​ тавсияҳои олимону бостоншиносон ва муаррихон истифода намуда, унсурҳои қадима ва миллӣ нигоҳ дошта шавад.

Бояд қайд кард, ки бунёдкориҳо дар ҳудуди​ Қалъаи Хуҷанд, ки таърихи беш аз 3 ҳазорсола дорад, чанд сол боз идома дошта,​ ​ сохтмончиёну паймонкорон, рассомону наққошон, таърихнигорону бостоншиносон, ҳунармандони касбиву халқӣ дар эҳёи дубораи ин иншооти таърихӣ саҳми арзанда доранд.

Таҷлили Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 майи соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки имрӯз ба яке аз санаҳои муҳимтарини таърихи давлатдориамон - таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки аз ҷумлаи рукнҳои муҳимтарини давлатдории мустақили миллии мо мебошад, бисту нуҳ сол пур мешавад.

-Бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст, ҳар кадоми Шуморо ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик мегӯям, - изҳор дошт роҳбари вилоят.