Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашма майдони болопӯшидаи варзиширо ифтитоҳ карданд.
Дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва бо мақсади саҳм гузоштан дар ободии Ватан соҳибкори маҳаллӣ Хироҷидддин Сайфиддинов иншооти варзишӣ бунёд намудааст.



14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, сардхонаи наву замонавиро, ки бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд карда шудааст, мавриди баҳрбардорӣ қарор доданд.
