Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор занону бонувонеро, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият кардаанд, аёдат кард.
Бӯстон. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуд
Дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Модар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бонувони барӯманд, собиқадорони меҳнатро ба ифтихори Рӯзи Модар таҳният гуфт.
Дар ин рӯз занони барӯманди шаҳр Лариса Шемякина ва Моҳинисо Холиқова ба аёдат фаро гирифта шуданд.
Аснои суҳбат Раиси вилояти Суғд аз дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои наҷиби занону бонувон ёдовар шуда, баҳри хизмати софдилонаву садоқатмандона ба бонувони барӯманд ва собиқадори меҳнат изҳори сипос баён намуд.
Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Гулистон
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон собиқадорони меҳнатро аёдат карда, фарорасии Рӯзи Модарро табрик намуд.
суҳбат бо собиқадорони меҳнат Малоҳат Пулотова ва Санавбар Нуруллоева Раиси вилоят иброз дошт, ки бузургдошти Рўзи Модар дар кишвар аз таваҷҷўҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба занону модарон аст. Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии зан-модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат ситоиш ёфтааст.
Идомаи корҳои таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои таъмиру бозсозии Қалъаи Хуҷанд шинос шуд..Ба 260 нафар рўбандаю покизакорони шаҳри Хуҷанд тӯҳфаҳо тақдим карда шуд
Субҳи имрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи модар ба зиёда аз 260 нафар рўбандаю покизакорони шаҳри Хуҷанд ширинию тӯҳфаҳо супорида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадр карда мешавад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.
Мақолаҳои боқимонда...
- ПАЁМИ ТАБРИКИИ Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рўзи Модар
- Ташрифи соҳибкорон ва намояндагони мақомоти давлатии вилояти Нижегороди ФР ба вилояти Суғд
- Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Алексей Груздев
- Шиносоӣ бо рафти бунёдкориҳо дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров




