Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд

Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, зикр дошт, ки ташкили чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад, то инки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Мулоқот бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Италия Фердинандо Пелаззо

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Президенти Палатаи савдо ва саноати Италия Фердинандо Пелаззоро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии Тоҷикистону Италия ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳоли рушд аст. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Италия 18,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард.

Раиси вилоят таваҷҷуҳи меҳмононро ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ ва гардишгарии вилоят ҷалб намуд. Маълумот дода шуд, ки дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ фазои мусоид мавҷуд буда, дар қаламрави мамлакат минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият доранд. Имкониятҳо дар соҳаи кишоварзӣ низ фаровон буда, ҳамасола дар вилоят аз 130 то 150 ҳазор тонна пахта истеҳсол мегардад ва тарафҳо метавонанд барои ташкили корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти пахтагин лоиҳаҳои муҳимро амалӣ созанд.

Шиносоӣ бо сохтмони коргоҳи истеҳсоли миси корхонаи муштараки "Зарафшон"

Дар Корхонаи муштараки “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент бунёди боз як корхона – корхонаи истеҳсоли мис ҷараён дошта, зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки қариб 90 дарсади корҳои сохтмонии иншооти нави истеҳсолӣ ба анҷом расидааст.

Барои бунёди корхонаи нави саноатӣ 120 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он шумораи ҷойҳои корӣ боз ҳам зиёд хоҳад шуд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дастур дод, ки ба сифати корҳо таваҷҷуҳ намуда, иншооти сохташаванда дар муҳлати муайян барои ифтитоҳ омода карда шавад.

Шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони хатти оби нӯшокӣ дар Панҷакент

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ шинос гардид.

Бино ба иттилои масъулин натиҷаи амалишавии лоиҳа 20 ҳазор аҳолии деҳоти Халифа Ҳасан бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар доираи амалишавии лоиҳа бунёди бино, чоҳҳои амудӣ, ҳавз бо ғунҷоиши 100 метри мукааб барои захираи об ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷа сокинони деҳаҳои Хамиртеппа, Ободон, Обшорон, Наврӯзтеппа ва Деваштич бо оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Масъулин вазифадор карда шуданд, ки лоиҳаро пурра татбиқ намуда, сокинонро бо оби тоза таъмин ​ созанд.​

Дидорбинии собиқадорони меҳнат дар Панҷакент

Дар шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадорони меҳнат рафта, аз ҳоли собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Насриддин Низомов ва собиқадори хизмати давлатӣ Фотима Сироҷзода хабар гирифт.

Зимни суҳбати самимӣ бо собиқадорон таъкид гардид, ки роҳбарияти вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба шахсиятҳое, ки дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро дастгирӣ менамояд.

Аз ташрифи роҳбари вилоят собиқадорон изҳори хушнудӣ намуда, барои ғамхорӣ ва дастгириҳои доимӣ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат миннатдории худро расониданд.