1 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» шинос гардид.
Раиси вилоят ба нақбҳои ширкат ворид шуда, аз раванди истеҳсолот дар ин корхонаи азими саноатӣ боздид намуд.
Тавре маълумот дода шуд, «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» аз калонтарин корхонаҳои саноатӣ буда, дар се моҳи соли ҷорӣ 790,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Аз ҷумла дар ин давра 20,4 ҳазор тонна консентрати сурб ва 28,2 ҳазор тонна консентрати руҳ истеҳсол гардида, саҳми корхона дар маҳсулоти саноатии шаҳри Гулистон 77,2 фоизро ташкил мекунад.



Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен ба дидорбинии собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо аз номи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моддӣ расонид.
Моҳи феврали соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Москва бо роҳбарияти гурӯҳи ширкатҳои "БТК Групп" мулоқот намуда, таваҷҷуҳи сармоягузорони русро ба коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар заминаи корхонаи "СпитаменТекстайл" ҷалб намуда буд. Дар натиҷа гуруҳи масъулини гурӯҳи ширкатҳои "БТК Групп" ба ноҳияи Спитамен омада, айни замон барои рушди пахтакорӣ сармоягузорӣ намуда истодаанд.
ҶДММ «Султони ҳаким» дар ноҳияи Спитамен пас аз ворид намудани таҷҳизоти муосир дубора ба фаъолият пардохт. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли орд машғул буда, бо навсозии таҷҳизоти истеҳсолӣ фаъолиятро азсар гирифт ва шумораи коргарони он 20 нафарро ташкил медиҳад.
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
