Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

21 ноябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида, масъулини соҳаи кишоварзӣ иштирок доштанд.

Кишоварзони ноҳияи Ашт нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд

21 ноябр заркорони зафарманди ноҳияи Ашт аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш доданд. Бегоҳии имрӯз "Муждаи зафар"-ро аз номи аҳли меҳнати ноҳияи Ашт раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид.

Дар ноҳияи Ашт соли равон дар 6323 гектар пахта кишт шуда, меҳнаткашони ноҳия бо истифода аз тухмиҳои серҳосили "Мая", "Флеш", "Дӯстӣ" 17311 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ба 100,1 фоизи нақша баробар аст.

Мулоқоти Раиси вилоят бо Ангелика Шопп  

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар Тоҷикистон Ангелика Шопп мулоқот кард.

Аснои мулоқот ҷонибҳо вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоти байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Қайд карда шуд, ки Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф саҳм гузошта, дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муассир дорад. Бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмак ба аҳолии осебпазиру маъюбон амалӣ мунтазам амалӣ мегардад.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи "30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар назди Қасри Арбоб

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» рӯзи16 ноябр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.

Боғи фарҳангию фароғатии дар ин макони таърихӣ ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, 7 гектар масоҳат дорад. Он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар асоси лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии “САНИОСП” дар ҳудуди Қасри маданияти Арбоб бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» иштирок карданд

16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар чорабинии бошукуҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣ — Қасри Арбоби ба номи Саидхуҷа Урунхоҷаев доир гардид, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок намуданд.