Имрӯз дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Қурбон ба 12 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун ва кадрҳои ҷавон калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд.
Дар маросими тақдими калиди хонаҳои истиқоматӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки иқдоми мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадаф дастгирии кадрҳои ҷавон ва қишри ниёзманди ҷомеа мебошад.
Хонаҳои истиқоматӣ дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, дорои шароити зарурӣ мебошад.



26 июн дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» бахшида ба 90-солагии собиқадори соҳаи тандурустӣ, профессор Бахтиёр Ахмедов конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сармоягузорону тоҷирони Ҷумҳурии Кореяро, ки бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2023" ба вилоят омаданд, ба ҳузур пазируфт. 
Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд.
