
Фарорасии ҷашни ҳумоюн ва рӯйдоди таърихии расидан ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро, ки соли равон дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол 26-умин солгарди он ботантана таҷлил мегардад, ба ҳамагон сидқан шодбош гуфта, хонаи обод, хотирҷамъӣ ва ба Ватани маҳбубамон рушду шукуфоӣ таманно менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар заминаи таҷрибаи ғании таърихӣ ва хиради волои халқи тоҷик 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки он аз оғози ҳаёти осоишта дар кишвар башорат дод.
Ба ин маънӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон оғози марҳалаи нави таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро хатари бузургтарини дар он айёми вазнин ба миён омада, яъне эҳтимоли пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷиконро комилан аз байн бурда, ба рушду тараққиёт ва пешрафтҳои тоза роҳ кушод.



Бегоҳии рӯзи 23 июн дар Қасри Арбоб барои иштирокчиёни Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2023" зери унвони "Шоми дӯстӣ" барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.
23 июни соли 2023 дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «Суғд-2023» дар маркази вилоят Форуми «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор гардид.
Миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон харитаи роҳ имзо шуд.
