Баргузории Дави миллӣ дар вилояти Суғд

21 май дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд​ Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонону донишҷӯён ва сокинон иштирок намуданд.

Мусобиқаи варзишӣ дар маркази вилоят —​ шаҳри Хуҷанд​ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» оғоз ёфта, тавассути кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев​ идома ёфт. Дар чорабинии варзишӣ беш аз 18 000 нафар иштирок карда, дар охир ба намояндагони фаъоли ташкилоту идораҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа- таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Қадршиносӣ аз меҳнати фидокоронаи собиқадори меҳнат Баҳриддин Ахмедов

20 майи соли​ 2023 дар​ толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 90-солагии собиқадори хизмати давлатӣ, узви​ Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд, Корманди хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд​ Баҳриддин​ Ахмедов ҷамъомад доир гардид.​

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад иброз дошт, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаи худ дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми равшан гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад. Зеро ҳар як амали созандаи мо ин ояндаи худи мо, ояндаи фарзандони мо ва ояндаи наслҳои халқамон буда, давлату ҳукумат дар ҳама давру замон заҳмати фарзандони барўмандашро қадршиносӣ менамояд.

Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Дар ярмарка корхонаву хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон маводи ғизоии нисбатан арзонро пешниҳоди сокинон гардониданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка ҳадаф аз роҳандозии ин иқдомро таъмини дастрасии мардум бо маҳсулоти нисбатан арзон арзёбӣ карда, ба масъулин ҷиҳати ташкили мунтазами ярмарка супоришҳо дод.

Конференсияи байналмилалии «Бунёдгузори нашри китоб дар Осиёи Марказӣ»​ баргузор шуд

19 майи соли 2023 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 150-солагии маорифпарвари тоҷик Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ конференсияи байналмилалии «Бунёдгузори нашри китоб дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, олимону донишмандон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва хориҷи мамлакат иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар конференсияи байналмилалӣ меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки​ миллати тоҷик аз шумори қадимтарин миллатҳо ва халқҳои тамаддунсози олам буда, ҳамеша бо китоб ва фарҳанги китобдорӣ пайванди азалӣ дошт.​ Танҳо китоби «Авасто» собит менамояд, ки аҷдоди мо аз қадимулайём баҳри маърифати башар кӯшида, фароҳамсози хазинаи бебаҳои донишу хирад будаанд.

Боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили зардолу дар Конибодом

Боғдорони шаҳри Конибодом ба ҷамъоварӣ ва содироти навъи пешпазаки зардолу оғоз бахшида, то имрӯз беш аз 500 тонна зардолу содирот намуданд. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом иттилоъ дода шуд.

Раиси вилоят дар шаҳри Конибодом бо рафти ҷамъоварӣ, банду баст ва​ содироти зардолу шинос гардида, барои пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба масъулину боғдорон тавсияҳо дод. Тавре иттилоъ дода шуд, дар Конибодом 12 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд буда, ҳосили интизорӣ дар соли равон 30 ҳазор тоннаро ташкил мекунад. Боғдорон имрӯзҳо навъҳои пешпазаки зардолуро чида, ба кишварҳои Россия ва Қазоқистон содирот намуда истодаанд. Аз ҷониби соҳибкорон сардхонаҳои замонавӣ ташкил гардида, меваи чидашуда пас аз банду баст содирот карда мешавад. Нархи як килограм зардолу вобаста ба навъу сифат аз 2-3 то 8 сомонӣ буда, боғдорон аз ин ҳисоб даромади хуб мегиранд.