Дар деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақмаи 48 идома дорад.
Тавре зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, муассисаи мазкур барои таҳсили 240 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз ду ошёна иборат аст. Ҳамчунин дар муассиса толори варзишӣ ва ошхона бунёд карда шуда, барои таҳсили толибилмон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз тарафи бинокрони ҶДММ “Сохтмон” анҷом дода мешавад.



Дар шаҳри Конибодом аз оғози моҳи апрел парвариш ва нигоҳубини кирмак ба роҳ монда шудааст.
Конибодом аз минтақаҳои кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, сокинонаш анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро кишту парвариш менамоянд. Заминаи асосии фаровонҳосилиро таъмини саривақтии деҳқонон бо оби полезӣ ташкил медиҳад. Бо ин мақсад айни замон кашидани хатти оби полезӣ аз дарёи Сир то ба заминҳои корам ва боғоти деҳоти Ҳамробоев ва Лоҳутӣ босуръат ҷараён дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуд.
Имрӯз мардуми кишвар бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани азизамон Иди саиди Фитрро таҷлил намуда, намози идро барпо доштанд.
