Таҷлили Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 майи соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки имрӯз ба яке аз санаҳои муҳимтарини таърихи давлатдориамон - таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки аз ҷумлаи рукнҳои муҳимтарини давлатдории мустақили миллии мо мебошад, бисту нуҳ сол пур мешавад.

-Бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст, ҳар кадоми Шуморо ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик мегӯям, - изҳор дошт роҳбари вилоят.

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода​ аз​ ҶДММ «Субҳи Ватан»​

Баробари пухта расидани меваҳои шаҳдбор фаъолияти корхонаҳои консервабарорӣ низ тавсеа ёфта, маҳсулот коркард, банду баст ва захираву ба фурӯш гузошта​ мешавад. ҶДММ «Субҳи Ватан»-и шаҳри Исфара яке аз корхонаҳои муваффақ дар ин самт буда, дар он 60 нафар фаъолият доранд.​

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхона иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи сехҳои​ ҶДММ «Субҳи Ватан» фаъол буда, ҳоло коркарди зардолу бомаром идома дошта, мева аз боғдорони Конибодом ва Исфара харидорӣ мешавад. Дар мавсими имсола то имрӯз 30 тонна зардолу харидорӣ ва коркард шудааст. Тибқи иттилои​ муассисон дар корхона​ бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда 40 намуди маҳсулот истеҳсол гардида, ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. Дар соли гузашта ба Қазоқистон, Россия, Олмон ва Туркия ба маблағи 10 миллион сомонӣ маҳсулот фиристода шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода Президенти Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

26-уми май дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи интихоботии Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Зебунисо Рустамова, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ, вакилон ва аъзоёни федератсия иштирок карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо овози якдилонаи ҳозирин Президенти Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ба ҳайси муовини Президенти Федератсия интихоб гардиданд.

Мулоқоти навбатии гуруҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон

24 майи соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизилбел»-и Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин роҳбарияти Раёсати КДАМ ҶТ, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Раёсати ВКД, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони шаҳру ноҳияи Исфара ва Бобоҷон​ Ғафуров иштирок намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо​ —​ Раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев зимни мулоқот​ аз анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ёдовар гашта, натиҷаи фаъолияти гуруҳи кории муштаракро мусбӣ арзёбӣ карданд.

Баргузории роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонон

23 майи соли 2023 дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Тантанаҳои идона бо роҳпаймоии ҷавонони фаъоли вилоят оғоз ёфта, иштирокдорони раҳпаймоӣ аз назди Маҷмаии таърихию фарҳангии «Истиқлол» то макони баргузории ҳамоиши идона — назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳаракат намуданд.

Ҷавонон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани маҳбуб дар даст шиору Парчам ҷонибдориашонро аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, бо руҳияи баланд Рӯзи ҷавононро ҷашн гирифтанд.