Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растаниро дар ҶДММ «Кони ганҷ» ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растаниро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кони ганҷ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар деҳоти Ҷомии ноҳия ҷойгир буда, дар масоҳати 2,9 га сохта шудааст. Ин коргоҳ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамат Норматов бо ворид кардани дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъсису бунёд ёфтааст.

Корхонаи истеҳсолӣ дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат баҳри саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат сохта шуда, шаҳодати татбиқи амалии рушди саноати ҷумҳурӣ дар ҳар шаҳру деҳоти мамлакат бо саҳми соҳибкорони ватанӣ маҳсуб мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод ба фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофӣ оғоз бахшиданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони деҳоти Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Зафаробод Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии дастӣ аз абрешим «Шарифамоҳ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Коргоҳи навбунёд дар маркази деҳа ҷой гирифта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Авулов таъсис дода шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳ бо таҷҳизоту дастгоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии муосир муҷаҳҳаз карда шуда, дар он барои 20 зану духтари маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуд.

Коргоҳи дӯзандагии «Шарифамоҳ» асосан барои дӯхтани либосҳои мактабӣ пешбинӣ гардида дар асоси дархости мизоҷон либосҳои занона, мардона, варзишӣ, ҳарбӣ ва ғайра омода месозад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-ро ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ба номи Лоиқ Шералиро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои лоиҳавӣ ва дигар иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 дар масоҳати 1,5 гектар бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, фармоиши Идораи сохтмони асосии вилоят бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти муҳдуди “Сохтмони Зафаробод”, “Оламафрӯз 2016”, “Эъҷози ҳунар”, “Сирус” ва “Манзили озод” ба анҷом расонида шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод хати оби нӯшокиро барои таъмини 1800 нафар аҳолӣ ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ бо сохтани чоҳи амудӣ дар чуқурии 150 метр ба воситаи насоси махсуси обкашӣ оби нӯшокӣ бароварда шуда, дар натиҷа беш аз 430 оила, яъне 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намуд.

Ҳамзамон тавассути хати оби нӯшокӣ муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустии ин деҳа бо оби хушсифати нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд

Дар ҷараёни боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида буд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “СМУ-1” мебошад.

Бинои Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомӣ якошёна буда, аз 3 толор, 9 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои табибони оилавӣ, муоинаи бемориҳои занона, доругузаронӣ, эмгузаронӣ, таҳлилгоҳу озмоишгоҳ, хатнаи кӯдакон, ташхиси ултрасадо, таваллуд ва баъди таваллуд иборат мебошад.