9 август бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар микроноҳияи 19-уми маҳаллаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар ошёнаи якуми яке аз биноҳои баландошёна бо тарҳи муосир бунёд шуда, дохили он бо ороиши миллӣ зеб дода шудааст.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ роҳбари ширкати ҶДММ “Амид” Саидамон Исомаддинов бунёд гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот дар маҷмуъ беш аз 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд, ки аз аксарияташонро занону духтарон ташкил медиҳанд.








