
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.
Зимни дидорбинӣ бо собиқадорони соҳаҳои хизмати давлатӣ ва маорифу тандурустӣ - Оқил Оқилов, Светлана Добросмислова ва Сафия Саидова роҳбари вилоят таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёту зиндагии собиқадорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки Оқил Оқилов солҳои зиёд дар вазифаи Сарвазири мамлакат кор карда, саҳми худро дар пешрафти ҷомеа гузоштааст.
Светлана Добросмислова бошад чандин сол дар соҳаи маориф ва Сафия Саидова дар соҳаи тандурустӣ кору фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар тарбияи насли наврас ва нигаҳдории тандурустӣ гузоштаанд.



Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми роҳбарияти вилоят чанд сол аст, ки дар маркази вилоят корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти қадимаву нодир — Қалъаи Хуҷанд идома дорад. Корҳои таҷдиду таъмири иншооти таърихӣ бо ҷалби олимону бостоншиносон ва пажӯҳишгарон сурат гирифта, раванди корҳои сохтмонӣ зери назорати доимии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад.
Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардида, корҳои омодагӣ ба кишту корӣ баҳорӣ, раванди обрасонӣ ба мавсими нав ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ таҳлилу баррасӣ гардид.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори моли майда 1 миллиону 177 ҳазор сарро ташкил дода, алҳол дар рамаҳои мешу бузҳои модарии хоҷагиҳои кишоварзӣ маъракаи наслгирӣ идома дорад.
7 апрел дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22 мавриди истифода қарор дода шуд.
