Имрӯз мардуми кишвар бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани азизамон Иди саиди Фитрро таҷлил намуда, намози идро барпо доштанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд омада, фарорасии Иди саиди Фитрро ба сокинони вилоят табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки мардуми вилоят дар моҳи мубораки Рамазон дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ фаъолиятро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони халқ тақвият бахшида, суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, аз ҷумла амалҳои хайру саховат ва бахшандагиро боз ҳам вусъат бахшиданд.



Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаи "ММК Агро" шинос гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон аз ҳоли беморону ниёзмандон хабар гирифт.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, афсарону сарбозонро ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Иди саиди Фитр дар шаҳри Исфара беморону ниёзмандонро аёдат кард.
