Боздид аз пойгоҳи обкашӣ ва шиносоӣ бо вазъи истифодаи замин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои дастрасии кишоварзон ба оби полезӣ 8 пойгоҳи обкашӣ фаъолияти муназзам дошта, ҳамарӯза то 4 метри кубӣ об ба деҳқонон дастрас карда мешавад.​

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз пойгоҳи обкашии “Деҳмой-4” ба масъулин ҷиҳати таъмини саривақтии заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ супоришҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки имрӯзҳо ​ корҳои саҳроӣ дар авҷ буда, барои гирифтани ҳосили дилхоҳ бояд ҳар як хоҷагии деҳқонӣ ба оби полезӣ сари вақт таъмин карда шавад. Пойгоҳи обкашии “Деҳмой-4” соли 1971 ба кор андохта шуда, тавассути он 280 гектар заминҳои корам обёрӣ мешавад. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти баҳорӣ ҳанӯз аз оғози моҳи март шуруъ шуда, деҳқонон бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам барои гирифтани ҳосили баланд ҷаҳду талош меварзанд.

Шиносоӣ бо сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани санаҳои фархундаву миллӣ корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, кишоварзони ноҳия низ барои бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллӣ дучанд заҳмат мекашанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷараёни сохтмони иншоот ва вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос гардид.​

Раиси вилоят нахуст сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иншооти мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дар он 30 утоқи корӣ ва ёрирасон ҷой дода шудааст. Фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчӣ ҶДММ “Сомониён-1” мебошад. Тибқи нақша бино дорои маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, он тӯҳфаи арзанда ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.​

Раиси вилоят ба ҳолпурсии собиқадорони меҳнат рафт

Дар ноҳияи Айнӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадори меҳнат Тоғбой Каримов рафта, ба ӯ ва аҳли оилааш саломатии бардавомро орзу намуд. Иттилоъ дода шуд, ки Тоғбой Каримов соли 1932 дар деҳаи Урметан таваллуд шуда, солҳои зиёд дар тарбияи насли наврас саҳм гузоштааст. Оилаи Каримовҳоро дар мамлакат хуб мешиносанд ва Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш аз дастпарварони ин омӯзгор маҳсуб меёбад.

Сипас, роҳбари вилоят Ориф Абдулҳаевро, ки маъюби гуруҳи дуюм аст, аёдат карда, ба ӯ кумакҳои моддӣ расонид.

Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи саноатии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ бо фаъолияти корхонаи саноатии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” шинос гардид.

Коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”, ки соли 2017 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Пешвои миллат ба истифода дода шуда буд, дар масоҳати 45,2 гектар бунёд шуда, арзиши лоиҳавии он 4 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳ консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба 4 тонна тилло ва 1 тонна нуқра баробар аст. Консентрати маъдан аз конҳои “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” истихроҷ карда мешавад.

Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияи Айнӣ

25 апрел дар ноҳияи Айнӣ ду майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи иншооти варзишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Яке аз ин майдончаҳо дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи №19-и деҳаи Сангистон бо мақсади ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим фаро гирифтани насли наврас бунёд гардида, масоҳати ​ умумии он 903 (43х21) метри мураббаъро ташкил мекунад.

Фармоишгари иншоот, ки бо харҷи 360 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия буда, пудратчӣ ҶДММ “Зарафшон сохтмон” дар ноҳияи Айнӣ ва лоиҳакаш КВД ​ “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Айнӣ мебошад.