Аёдати ҷавонони бемор дар ноҳияи Шаҳристон

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Шаҳристон ҷавонони беморро аёдат кард.

Зимни суҳбат бо волидони ҷавонони бемор таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони яккаву танҳо, ятимону маъюбон тавачҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар асоси сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат чунин ашхос ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор мегиранд.

Раиси вилоят ба​ Рухшона Юсупова​ ва Тоҳир Холбоев, ки ҳарду бо амри тақдир маъюб мебошанд,​ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои моливу пулӣ дастрас намуд.

Сокинони ноҳияи Шаҳристон аз ин таваҷҷуҳ хушҳол гардида, ба Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.

Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Шаҳристон

Дар ноҳияи Шаҳристон соли равон наздик 2400 гектар​ картошка кишт карда мешавад. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Нур» маълумот дода шуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Нур» дар 5 гектар кишту парвариши​ картошка ба роҳ монда хоҳад шуд ва айни замон барои кишт​ замин омода гардида, пас аз ворид намудани озуқа ва шудгори дубораи​ замин кишти картошка оғоз мегардад.

Раиси вилоят​ Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо кишоварзон​ таъкид намуд, ки Пешвои миллат​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста супориш медиҳанд, ки ҳар ваҷаб замин оқилона истифода гардида, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ҳосилнокӣ баланд бардошта шавад. Дар ноҳияи Шаҳристон барои бештар намудани майдони кишти картошка имкониятҳо мавҷуд буда, бояд ҳар порча замин пурсамар истифода гардад.

Дар ҷаласаи корӣ вазъи кишту кори баҳорӣ баррасӣ шуд

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа вазири кишоварзии мамлакат, раиси Кумитаи замин ва геодезии назди Ҳукумати мамлакат, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати мамлакат, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораҳои кишоварзӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа асосан масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла кишту кори баҳорӣ, риояи структураи кишти зироатҳо, иҷрои нақшаҳои пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонони саодатманди вилоят сидқан табрику муборакбод гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани мақсаду ниятҳои нек муваффақиятҳои шоиста таманно менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки бо ҳидояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар шинохта шуда, ҷиҳати дастгириву пуштибонии насли ояндасоз ва қишри меҳварии ҷомеа таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои муаззами миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандикуниҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ,  Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз ва дигар тадбирҳо шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони саодатманди кишвар мебошад.

Баргузории Дави миллӣ дар вилояти Суғд

21 май дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд​ Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонону донишҷӯён ва сокинон иштирок намуданд.

Мусобиқаи варзишӣ дар маркази вилоят —​ шаҳри Хуҷанд​ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» оғоз ёфта, тавассути кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев​ идома ёфт. Дар чорабинии варзишӣ беш аз 18 000 нафар иштирок карда, дар охир ба намояндагони фаъоли ташкилоту идораҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа- таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.