Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорону фаъолони ҷамъияти тоҷикистониëни муқими Ҳавзаи федералии Урали ФР

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба Федератсияи Россия сафар намуд.

10 июл дар доираи сафар дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо соҳибкорони тоҷиктабори муқими минтақаи Урал ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид. 

Дар мулоқот миëни роҳбарияти вилоят, вазорату идораҳои мамлакат, соҳибкорони бурунмарзӣ ва диаспораҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, доир ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ гуфтушунид анҷом дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир намуданд

8 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд давоми 6 моҳи аввали соли 2023 муҳокима гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кориро, ки аз 5 то 8 июл дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, доир ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва вазифаҳои дарпешистода андешаронӣ намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар доданд

8 июл дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар доданд.

Бояд гуфт, ки моҳичаҳо зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед” ва “зағорамоҳӣ” мебошад, ки дар ҳавзҳои ҳоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров парвариш карда шудааст. Тадбири мазкур бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади афзоиш додани саршумори моҳӣ дар дарёи Сир роҳандозӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба фаъолияти коргоҳи коркард ва бандубасти чормағзи заминӣ оғоз бахшиданд

Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи коркард ва бандубасти чормағзи заминиро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нахустини коркарди ниҳоӣ ва банду басти чормағзи заминӣ бо саҳми муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷаъфар” таъсис дода шудааст. Дар корхона барои беш аз 25 сокини ноҳия ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст. Ба коргоҳ 6 таҷҳизоти коркарду банду басти чормағзи заминӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб шудааст. Тавассути ин хати технологӣ ҷараёни тозакунии мағзи чормағзи заминӣ, сараю ба хелҳо ҷудо кардани он ва якчанд навъу ғунҷоиши чормағзи заминӣ дар банду баст анҷом дода мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи дӯзандагии «Ёсуман»-ро мавриди истифода қарор доданд

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи дӯзандагии “Ёсуман”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Самти фаъолияти корхонаи дӯзандагии “Ёсуман” духти либоси миллӣ ва мактабӣ буда, аз ҷониби соҳибкори махаллӣ Фазлиддин Ҳасанов таъсис ёфтааст.

Дар ошёнаи якуми бино ду сехи дӯзандагӣ бо 15 ададӣ мошинҳои дарздӯзӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба истифода дода шуд. Дар оянда дар ошёнаи дуюм ду сехи дӯзандагии дигарро омода намуда, дар маҷмуъ дар коргоҳ беш аз 65 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда мешаванд.