25 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.
Раиси вилоят кори иҷлосияро ифтитоҳ бахшид ва сипас вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда муҳокимаронӣ сурат гирифт.
Дар бораи рафти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода гузориш дод. Тавре қайд карда шуд, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.



24 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шинос гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сардори Раёсати гумруки минтақаи Урали Федератсияи Россия Алексей Фроловро ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ шинос шуд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, бунёди иншооти гуногун идома дорад.
