Мулоқоти Раиси вилоят бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахонов

16 июни соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Турахоновро, ки ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ба вилоят ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии мутақобилан судманди дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд

16 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳия шинос шуданд.

Корҳои таъмиру навсозии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ соли 2019 дар асоси дастуру роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи меъёрҳои муосир оғоз гардида, бо руҳия ва ҳисси баланди миллӣ анҷом дода мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ ҶДММ «Ганҷи деҳа»-ро мавриди истифода қарор доданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи деҳа»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Самти асосии фаъолияти корхонаи «Ганҷи деҳа» ба истеҳсоли равғани растанӣ ва қуттиҳои пластикӣ равона гардида, он дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат» бо саҳми соҳибкори ватанӣ Зиёдалӣ Ашӯрматов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта ба истифода дода шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти кишти такрории шолӣ дар хоҷагии деҳқонии «Ашӯрбек-2012»-и ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз хоҷагии деҳқонии «Ашӯрбек-2012»-и ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии мазкур ба кишти такрории шолӣ оғоз бахшида, бо саҳмдорон ва дигар шолипарварони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом доданд. Хоҷагии деҳқонии «Ашӯрбек-2012» дар деҳоти Деҳқонобод дорои 2,5 гектар замини корами обӣ мебошад ва дар як гектари он ҷуворимакка барои дон кишт намуда, дар боқимонда 1,5 гектар кишти шолӣ мегузаронанд. Масоҳати зикргардида барои кишти шолӣ пурра омода карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ боздид намуданд ва ба ҷамъоварии ангури пешпазак дар ноҳияи Дӯстӣ оғоз бахшиданд

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ шинос шуда, ба ҷамъоварии ангури пешпазак оғоз бахшиданд.

Хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ соли 2009 таъсис ёфта, дорои зиëда аз 12 гектар замин аст. Аз майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 9 гектарашро ангурбоғ ташкил медиҳад, ки 5 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Хоҷагидорон 9 навъи ангурро парвариш мекунанд. Соли гузашта аз 2 гектар токзори ҳосилдиҳанда 50 тонна ангур ба даст овардаанд ва имсол ин нишондод бештар хоҳад шуд.