Дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд Иди байналмилалии Наврӯзро бо ташкили чорабиниву дастрхони идонаи наврӯзӣ ва дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ таҷлил менамоянд, зеро Наврӯз аз қадимулайём чун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ ва бахшоишу самимият бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
Сокинони шаҳри Конибодом низ бо риояи анъанаҳои милливу қадима ин ҷашни таърихиро ҳар сол бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Дар тантанаҳои идонаи мардуми деҳоти Фирӯзобаи шаҳр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат кард ва тамоми сокинонро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз муборакбод намуд.