Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 30 адад чоҳи амудӣ кофта мешавад

Бо мақсади бо полезӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳия 30 адад чоҳи амудӣ кофта мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳия бо нақшаи бунёд ва обёрии заминҳо шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати таъмини саривақтии заминҳои кишт бо оби полезӣ супоришҳо дод. Тавре маълумот дода шуд, тавассути канали Хоҷабоқирғон тақрибан чор ҳазор гектар заминҳои ноҳия обёрӣ шуда, барои пурраву саривақтӣ расонидани оби полезӣ чоҳҳои амудӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Чоҳҳои амудӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, хоҷагиҳои деҳқонии калонтарин кофта мешавад.

Оғози сохтмони бинои маъмурии қитъаи чароғонкунии шаҳри Хуҷанд

Ба истиқболи 25 - солагиии Ваҳдати миллӣ ва 30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳр соҳиби бинои нави маъмурӣ мегарданд.

Раиси виояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гузоштани нома ба наслҳои оянда санги асоси бинои маъмурии  қитъаи чароғкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳрро гузошт. Бинои мазкур дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳр сохта мешавад.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид карда, ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ярмарка супоришҳо дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок намуданд

23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Кумамотои Ҷопон баргузор гардид, бо паёми видеоӣ суханронӣ намуданд.

Кори саммитро Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида ифтитоҳ намуда, дар он ҳамчунин императори Ҷопон Наруҳито, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Камбоҷа, Тувалу, Лаос, Узбекистон, Бутан,  Ветнам, Индонезия, Филиппин, Науру, Шри-Ланка, Қирғизистон, Туркманистон, Бангладеш, Таиланд, Ниуэ, Ҷазираҳои Маршал ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш ба таври ҳузурӣ, мустақим ва паёми видеоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Истаравшан. Раиси вилоят ба аёдати оилаи Юлдошевҳо рафт

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Истаравшан ба аёдати оилаи Юлдошевҳо рафт.

Оилаи мазкур ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шуда, бо амри тақдир Гулбаҳор, Гулноза ва Норбой маъюб мебошанд. Аҳли ин оила аз тарафи давлат нафақа мегиранд ва аз ҷониби саховатмандон низ мунтазам ба онҳо кумак расонида мешавад.