Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд

10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо Раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо, бахусус дар доираи робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқот намуданд

10 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.

Дар оғози чорабинӣ мудири кулли мақомоти сармоягузорӣ ва минтақаҳои озоди Миср Муҳаммад Абдул Ваҳоб, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мабдулӣ суханронӣ карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд

10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Қоҳира бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид.

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти Ширкати куҳӣ- саноатии Тоҷикистону Хитойро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти ширкат баррасӣ карда шуда, ба нақши корхонаи азими саноатӣ дар рушди соҳа баҳои баланд дода шуд. Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз калонтарин корхонаҳои вилоят маҳсуб ёфта, дар он садҳо нафар кор мекунанд.

Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Нимаи аввали рӯзи 10 март машварати кории​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид ва дар он танзими нархи маводи аввалияи озуқаворӣ баррасӣ шуд.

Дар машварат масъулини мақомоти давлатӣ ва роҳбарони​ корхонаҳои истесоли орд​ ва воридкунандагони ғалла иштирок намуданд.