Ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз тибқи супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозони тамоми қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят аёдат карда мешаванд.
Дар ин радиф имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба чанде аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, афсарону сарбозонро бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз табрик кард.